Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Нурулло Оқилов

07.10.2004 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Нурулло Оқилов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбат ба маҷмӯи фарохи масъалаҳои фарогири рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, вазъи имрӯзаи ҷамъоварии ҳосили картошка, фаъолияти муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва пардохти бемамонияти маошу нафақа мароқ зоҳир карда шуд.

Зимни ҳисоботи хеш ба Сарвари давлат раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иттилоъ дод, ки имсол ҳосили фаровони картошка ба даст омадааст ва ҳаҷми умумии солонаи истеҳсол ба 47 ҳазор тонна хоҳад расид. Аллакай, баъзе хоҷагиҳо аз ҳар гектар 370-380 сентнерӣ картошкаи аълосифат ҷамъоварӣ кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи захира кардани картошка, содироти он ба дигар минтақаҳо ва хориҷи кишвар, тайёр намудани тухмиҳои хушсифат барои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар ва ҳавасмандгардонии кишоварзон диққати махсус дода, раиси ноҳияро бобати ривоҷи картошкапарварӣ, азхудкунии заминҳои нав, интиқоли рӯзафзуни зироатҳои деҳқонӣ ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дар ҳамин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии меҳнаткашони ноҳия ба таври мушаххас вазифадор намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520