Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод

06.10.2004 10:00, шаҳри Душанбе

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи муфассали раисони ноҳияҳои номбурдаро дар бораи авзои кунунии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳо шунида, сипас диққати онҳоро ба масъалаи ҷамъоварӣ ва захираи меваю картошка, омодагӣ ба фасли зимистон, пардохти маошу нафақаи шаҳрвандон, кӯмаку дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат ва беҳдошти сифати таълиму тарбия дар мактабҳои деҳот ҷалб кард.

Имсол дар минтақа ҳосили фаровони мева ва картошкаи хушсифат ба даст омадааст, - таъкид ёфт дар ҷараёни сӯҳбат. Алҳол зарур аст, ки бо мақсади қадрдонию ҳавасмандии ин заҳмати бобарори кишоварзон дар мавриди интиқоли маҳсулот ба пойтахт, ташкили нуқтаҳои нави фурӯши меваю картошка дар шаҳри Душанбе, хариду захираи он дар анборҳои минтақа тавассути муассисаҳои «Тоҷикматлубот» чораҳои бетаъхир андешида шавад, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аснои сӯҳбат аз ҳисоби заминҳои обёришаванда васеъ гардонидани майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва ниҳолҳои мевадиҳанда, инчунин захира намудани тухмиҳои хушсифат ба мақсад мувофиқ арзёбӣ гардида, масъулин дар ин замина дастурҳои қатъӣ гирифтанд.

Сарвари  давлат аз раисони ноҳияҳо талаб намуд, ки татбиқи амалӣ ва мақсадноки маблағҳои аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру навсозӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои маориф ҷудошударо таҳти назорати шахсӣ гирифта, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.

Дар хотимаи сӯҳбатҳои телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод ба маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини некуаҳволии мардум тариқи азхудкунии заминҳои наву ташкили корхонаҳои хурди коркарди зироат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими бунёдкорию созандагӣ, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари интиқоли мева, инчунин картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба хориҷи кишвар дахл карда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.       

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520