Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Аҳмадов

05.10.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи телефон раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Аҳмадовро ба муносибати иҷрои нақшаи солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта шодбош гуфта, ба меҳнаткашон, сарварони хоҷагиҳо, мутахассисон ва дар маҷмӯъ чинакчиёну ёрдамчиёни шаҳру ноҳияи Турсунзода барои талоши ҳамаҷониба дар мавсими имсолаи ғунучини пахта арзи сипос кард.

Дар ҷавоб раиси шаҳри Турсунзода аз номи кишоварзон қавл дод, ки то охири мавсим боз 9000 тонна пахтаи аълосифат ҷамъоварӣ хоҳанд намуд, зеро алҳол пахта дар саҳро фаровон буда, ҳавасмандии деҳқонон дар сатҳи олӣ қарор дорад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Сарвазири кишвар Қозидавлат Қоимдодов ҷиҳати вусъати ҷаъоварии ҳосили пахта, пардохти бетаъхири музди меҳнати чинакчиён, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, омодагӣ ба зимистони солҳои 2004 – 2005, захира намудани зироатҳои кишоварзӣ ба хусус картошка ва дигар маводи зарурии рӯзгор супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520