Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао

01.10.2004 09:00

1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи шодбош фиристод, ки дар барқия гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам, Раис, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати фаро расидани солгарди навбатии рӯзи эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.

Мо ба қадри муносибатҳои деринаи таърихии дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории хеш мерасем, ки мамлакатҳоямонро дар тӯли садсолаҳо ба ҳамдигар мепайванданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобити мамлакатҳоямон баҳои баланд дода, ба боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкории доманадори ҳар ду кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад. Боварӣ дорам, ки мо дар натиҷаи кӯшишҳои муштаракамон ҳамкории кишварҳоямонро бештар равнақу ривоҷ хоҳем дод, ки ба манфиатҳои кулли халқҳои тоҷику чин мувофиқ буда, омили муҳимми сулҳу суботи минтақа мебошад.

Аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатию барори кор ва ба халқи мамлакататон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».

Нимаи дуюми рӯзи 1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии кормандони соҳаи маориф ба ифтихори иди касбии омӯзгорон паёми табрикӣ фиристонида, онҳоро самимона табрик гуфт ва ба ҳамаашон саломатӣ, умри бобаракат ва дар пешаи пурифтихору масъулиятнокашон барору комёбиҳо орзу намуда, изҳори умед кард, ки минбаъд низ ҷомеаи кишвар бо дастгирии ҳамаҷонибаву саривақтии ин соҳаи муҳим дар рушду такомули давлату миллат саҳми шоиста мегирад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520