Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо сардабири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Эгэмэн Қазоқистон»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Солтбек Абдураҳмонов

27.09.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои сардабири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Эгэмэн Қазоқистон»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Солтбек Абдураҳмонов посух гуфт.

Дар ҷараёни сӯҳбати тӯлонӣ бештар ба мавзӯъҳои вобаста ба шоҳроҳи сулҳи тоҷикон,  дар муддати хеле кӯтоҳ нишондани оташи ҷанги ҳамватанӣ, таҷрибаи нодири ваҳдатофарӣ, омилҳои асосии расидан ба мусолиҳаи миллӣ ва давраи баъдиҷангии барқарорсозии иқтисодии Тоҷикистон дахл карда шуд.

Дар ҷавоби саволҳои хабарнигори қазоқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии сулҳи тоҷиконро ифодаи хиради олӣ, таърихи нобу пурғановат ва тафаккури солиму созандаи Тоҷикистониён муаррифӣ намуд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки роҳи расидан ба марҳилаи суботу созиш хеле душвору сангин буд, вале танҳо ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоду ҳамбастагии тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон ва фардои неку шукуфони мамлакат давлату ҳукумат бо гузашти оқилона бародарони муқобилсангарро ба ҳам овард, ин амнияту оромии ба даст омада на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон балки барои кулли мамолики минтақа ва дар маҷмӯъ ҷаҳони муосир беназир аст.

Мо ба шарофати сулҳ роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократиро қуввати нав бахшида, роҳи бунёдкорию созандагиро пеш гирифтем.

Дар мамлакат бо ҳамдастии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ лоиҳаҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Сангтӯдаю Роғун, роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ – Қулма – Қароқурум ва баромад ба баҳрҳои гарм, купрӯкҳои дӯстии миёни Тоҷикистону Афғонистон, роҳи мошингарди Душанбе – Нуробод – Ош - Саритош бунёд карда мешаванд, ки барои бадар сохтани кишварҳои минтақа аз ҳолати сарбастагӣ имконияти мусоид фароҳам хоҳад овард.

Танҳо дар ним соли охир бештар аз 300 миллион қарзҳои берунӣ пардохт карда шуданд, ки баёнгари рушди устувори иқтисодӣ миллӣ мебошад, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷараёни сӯҳбат ба маҷмӯи мавзӯҳои фарогири дастовардҳои иқтисодию сиёсӣ ва илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои байналмилалӣ, ба хусус авзои барқарорсозии иқтисодии Афғонистон баррасӣ шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520