Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Ҷиликӯл, Носири Хисрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Хуросони вилояти Хатлон

22.09.2004 10:00, шаҳри Душанбе

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Ҷиликӯл, ба номи Носири Хисрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Хуросони вилояти Хатлон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Роҳбарони ноҳияҳои номбурда ба Сарвари Давлат доир ба раванди кунунии ҷамъоварии ҳосили пахта ҳисобот доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки миёни ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон дар панҷ ноҳияи зикршуда  рафти ғунучини ҳосили ашёи хоми пахта ғайриқаноатбахш ҷараён дорад.

Сарвари давлат ба масъулин бобати ташкили дуруст ва самарабахши кори маъракаи муҳимми пахтачинӣ, пардохти бетаъхири ҳар панҷрӯза ё даҳрӯзаи музди меҳнати деҳқонон ва ёрдамчиён, таъмини шароитҳои моддии кишоварзон ва ҷамъоварии беталафи ҳар килограмм пахта бо истифода аз рӯзҳои мусоиди тирамоҳ супоришу дастурҳои қатъӣ дод.

Ба қадри меҳнати деҳқонони забардаст расидану то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо заҳмати зиёд парваришгардида  аз вазифаҳои аввалиндараҷаи рӯз аст, афзуд Сарвари Давлат.

Роҳбарони ноҳияҳои Ҷиликул, ба номи Носири Хисрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Хуросон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи қавӣ доданд, ки бо дарки масъулияти дучанд суръати ҷамъоварии ҳосилро метезонанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ ба мавзуоти фарохи вобаста ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳо, ба хусус пешрафту мушкилоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, танҳо бо роҳи ҳавасмандии моддӣ баъди дарс ба саҳро ҷалб намудани толибилмон, таъмини маошу нафақа, дар доираи омодагӣ ба фасли зимистон захира намудани маводи сӯхт барои аҳолӣ ва муассисаҳои давлатӣ мароқи бештар зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520