Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва Покистон

14.09.2004 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз, ки бо мақсади иштирок дар мулоқоти ҳаштуми Сарони кишвар ва Ҳукуматҳои мамолики узви ЭКО ба Тоҷикистон омада буданд, мулоқот кард.

Дар вохӯрии сеҷониба мавзӯи васеи масъалаҳои дахлдори робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон баррасӣ шуданд.

Истифодаи самараноки захираҳои фаровони обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - на танҳо эҳтиёҷоти кишварҳои минтақаро таъмин менамояд, балки барои фурӯши нерӯи барқ заминагузорӣ хоҳад кард.

Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи иншооти стратегии нерӯгоҳҳои Роғун ва Сангтӯда барои вусъати марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон такони нав бахшида метавонад.

Мусоҳибон зарурати бунёди роҳи мошингарди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ҳамчун ҳадафи марказии роҳбарони олимақоми кишварҳо таъкид сохтанд.

Дар мулоқот ба мавзӯъҳои фарогири амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои хатарноки глобалӣ, барҳам задани манбаи асосии рушди терроризми байналмилалӣ, яъне истеҳсол ва хариду фурӯши маводи мухаддир табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520