Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода

13.09.2004 19:00, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода сӯҳбат намуд.

Дар ҷараёни мулоқоти пурмӯҳтавою созанда ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мароқ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо дар бобати таҳким бахшидани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, инчунин ба сатҳи баланд бардоштани асосҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳои байниҳукуматӣ мавқеи ягона баён доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода баробари масоили фарогири ҳамкориҳои дуҷониба ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти байналмилалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520