Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай

13.09.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай мулоқот анҷом дод.

Мавзӯи сӯҳбат асосан доираи васеи масоили дахлдори раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистонро дар бар гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, -ҳамчун кишвари сулҳпарвари сайёра баҳри саҳмгирӣ дар таъмини комили амнияту суботи кишвари ҳамсояи Афғонистон чун пештара талоши устувор ба харҷ хоҳад дод, зеро фарорасии марҳилаи созандагӣ дар ин мамлакати азиятдида омили асосии оромию осоиши на танҳо Тоҷикистону минтақа, балки ҷаҳон аст.

Афзоиши истеҳсоли маводи мухаддир, ки манбаи авҷи фаъолияти террористони байналмилалӣ мебошад, тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст ва танҳо вусъати барқарорсозии иқтисодии Афғонистон, дар ҳамин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба меҳнати бунёдкорона ҷалб намудани аҳолии камбизоат барои ҳалли мусбати ин масъала мусоидат хоҳад кард, тазаккур дода шуд, зимни мулоқот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай қувват бахшидани ҳамкории вазорату идораҳои иқтисодию молиявии ҳар ду мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, бунёди купрӯкҳои дӯстии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Афғонистонро аз муҳимтарин вазифаҳои дарпешистода арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520