Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Муҳаммад Хотамӣ аз неругоҳи барқи обии Сангтӯда

13.09.2004 10:00, ноҳияи Данғара

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи сафари кории Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ ҳамроҳи меҳмонони олиқадр ба маҳали бунёди неругоҳи барқи обии Сангтӯда рафт.

Мувофиқи ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси ширкати тарҳи Сангтӯда-1, ки дирӯз дар ҳузури роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Эрон аз ҷониби вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳабибуллоҳи Бетараф ба имзо расид, ҷониби Эрон 51 дарсади хароҷоти сохтмони ин нерӯгоҳи обию барқиро ба ӯҳда гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ аз бахшҳои гуногуни ин иншооти стратегӣ дидан карда, бунёди ҳарчи зудтари онро боз як қадами устувори пешрафти ҳамкориҳо маънидод намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520