Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қароргоҳи сафоратхонаи Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе

07.09.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати изҳори тасаллият ба оилаҳои зарардидаи шаҳри Беслани Осетияи Шимолии Федератсияи Россия ба қароргоҳи сафоратхонаи Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе омад.

Нахуст Сарвари давлати Тоҷикистон дар китоби хотираҳои сафоратхона ҳамдардии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба оилаҳои азиятдида, ки фарзандону наздикони худро бар асари ҳодисаи мудҳиш дар мактаб № 1-и шаҳри Беслан аз даст доданд, ёддошт намуд.

Дар тасаллиятномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ин фоҷиаи бераҳмона бори дигар ҳушдор медиҳад, ки бар зидди терроризм муборизаи муштаракро пурзӯр намоем, то ин ки дигар чунин амали зишту нопок такрор наёбад».

Дар сӯҳбат бо доираи васеи хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар ғаму андӯҳи мардуми Федератсияи Россия мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамдард мебошанд, зеро хатари терроризми байналмилалӣ ба кулли кишварҳои сайёра таҳдид менамояд.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бори дигар аз кишварҳои узв даъват ба амал меорад, ки алайҳи террористони байналмилалӣ тадбирҳои қатъӣ ва таъхирнопазир андешида шавад – афзуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520