Нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Икромуллоҳи Мақсуд эътимоднома қабул кард.
Баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон табодули назар намуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ду маротиба афзудани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта миёни ду кишвар, сафарҳои ҳайатҳои иқтисодӣ ва ташкили намоиши молҳои Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили пешрафти ҳамкориҳои судманд аст.
Талабот ба маҳсулоти Тоҷикистон , изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, дар ин минтақа ва бозори ҷаҳонӣ зиёд аст. Ҳамзамон дар ҷодаи воридшавии Покистон ба бозори Осиёи Марказӣ, бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати сабук имконоти мусоид фароҳам омадааст.
Икромуллоҳ Мақсуд бо изҳори қаноатмандӣ таъкид кард, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба инкишофи робитаҳои дуҷониба такони нав бахшид. Аллакай Созишномаҳои муҳимми дар ҷараёни ин сафар ба имзорасида татбиқи амалии худро пайдо карда истодаанд.
Дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои вобаста ба хатарҳои ҷиддии минтақа ва ҷаҳон, ба хусус терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ, инчунин раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон, омодагӣ ба мулоқоти навбатии сарони мамолики узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) мароқ зоҳир карда шуд.