7 сентябр бо ташаббуси тарафи Туркия гуфтушуниди телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Наҷоти Сезар сурат гирифт.
Сарони давлатҳо дар бораи вазъи муносибатҳои минбаъдаи дуҷонибаи байни ҳар ду мамлакат мубодилаи афкор намуда, зикр карданд, ки ин муносибатҳо бемайлон рушду густариш меёбанд.
Президентҳои Туркия ва Тоҷикистон ҳамчунин як қатор масъалаҳои марбут ба рӯзномаи мулоқоти ҳаштуми сарони давлату ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодиро, ки бояд дар нимаи моҳи сентябр баргузор шавад, муҳокима намуданд.