Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

01.09.2004 18:00, шаҳри Душанбе

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо анҷом дода шудани амалиёти террористӣ дар Маскав ба унвони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқия фиристод, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Владимир Владимировичи мӯҳтарам, хабари амали террористӣ дар Маскав, ки сабаби ҳалокати одамони бегуноҳ гардид, маро ба қаҳру ғазаб овард. Ин амали ношоиста зарурати ба таври самарабахш муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза ба муқобили чунин зуҳуроти номатлуб ва барҳам додани шароите, ки ба паҳн гардидани терроризм мусоидат мекунад, бори дигар исбот менамояд.

Аз Шумо хоҳишмандам, ки ҳамдардии маро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ва осебдида бирасонед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520