Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

31.08.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди навбатии ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони Президенти ин мамлакат Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод, ки дар он гуфта мешавад: «Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, Шумо ва тамоми халқи ӯзбекро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик менамоям.

Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои бузурги боз ҳам бештар ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди мамлакатҳоямон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд, ки таърихи ҳазорсола доранд.

Боварии комил дорам, ки муносибатҳои давлатҳои мо дар оянда ҳам ба манфиати сулҳу субот ва пешрафти ҷомеаи ҳар ду кишвар бештар аз пештар равнақу ривоҷ меёбанд. Ба Шумо саломатии комил, барори кор ва ба халқи мамлакататон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520