Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

31.08.2004 12:00, шаҳри Кӯлоб

Субҳи рӯзи 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафт.

Сарвари давлат нахуст бо ҷараёни сохтмони навбати дуюми фурудгоҳи шаҳр шинос гардида, сипас оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд.

Ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави хониш ду мактаби ҷавобгӯи талаботи муосир, ки яке барои 2288 талаба ва дуюмин барои 640 талаба сохта шудаанд,  дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардиданд.

Худи ҳамин рӯз дар маҳаллаи нуҳуми шаҳри Кӯлоб беморхонаи бисёрсоҳавӣ ва онкологӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Сарвари давлат аз боғи ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки корҳои сохтмонии он босуръат идома дорад, дидан кард. Дар доираи иншоотҳои ҷашнҳ  қасри фарҳанг низ бо сифати баланд тармиму таҷдид ёфт. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб дар ҳамин қасри созандаю пурмӯҳтавои фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ҷараён гирифт.

Дар гузориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуҷаббор Зардиев таъкид ёфт, ки дар ҳама 72 иншооти ҷашнӣ раванди корҳои сохтмонӣ вусъат дорад.

Сарвари давлат дар мавриди истифодаи мақсадноки маблағ, сифати баланди корҳои сохтмонӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ба тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоот мароқ зоҳир кард.

Алҳол бештар аз 250 нафар сохтмончиён дар тадбирҳои ҷашнӣ бо маоши на камтар аз 300 сомонӣ машғули коранд ва ояндаи наздик боз 750 нафар мутахассисон ҷалб хоҳад шуд.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид ёфт, ки дар давоми се соли охир, барои сохтмон ва таъмиру барқарорсозии инфраструктураҳои иҷтимоии шаҳри Кӯлоб  аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, Фонди эҳтиётии Президенти Тоҷикистон ва дигар манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 48 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ба беҳбудии шароити онҳо мусоидат намуд.

Баъди таҳлили фаъолияти масъулин Сарвари давлат як қатор норасоиҳои ҷараёни сохтмонро ошкор намуд. Ҳадафи мо ба шаҳри муқтадиру замонавӣ,  маркази саноатию тиҷоратӣ табдил додани яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон аст, изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки бо назардошти сифати баланди кор ва натиҷаҳои бобарору тадбирҳои созандагӣ таҷлили 2700 солагии бӯстоншаҳри Кӯлоб аз сентябри соли 2005 ба сентябри соли 2006 тамдид карда шавад.

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 2700 солагии Кӯлоби бостонӣ тамоми минтақаҳои кишвар саҳмгузорӣ менамоянд, ки рамзи иттиҳоду ҳамбастагии саросарӣ мебошад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб бо оғози соли нави хониши 2004 – 2005 рост омад. Сарвари давлат кулли хонандагону омӯзгорони мамлакатро шодбош гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520