Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.08.2004 12:00, шаҳри Душанбе

27 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар асоси рӯзномаи корӣ аъзои Ҳукумат нахуст масъалаи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар гузориши вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобоев таъкид ёфт, ки баъди омӯзиши таҷрибаи панҷсолаи охир дар сиёсати андозситонӣ гурӯҳи корӣ бо назардошти таклифу пешниҳодоти мутахассисони соҳаҳои гуногун, олимон иқтисоддонҳои шинохтаи кишвар, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилоту идораҳои мамлакат ба зиёда аз 200 моддаи лоиҳа тағйиру иловаҳо ворид кард.

Дар лоиҳа меъёри андоз аз 30 ба 25 фоиз кам карда шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи лоиҳа изҳор дошт, ки ба роҳ мондани андози ягона барои итеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба хусус имтиёз барои пахтакорон, меъёри ягонаи аз 8 то 13 фоизаи андози даромад аз шахсони воқеӣ, аз 24 то 48 ҳазор сомонӣ бардоштани ҳаҷми муомилоти андозбандишаванда, ки омили ривоҷдиҳандаи соҳибкории хурду миёна мебошад, дар қатори дигаргуниҳои асосноки дигар ба мақсад мувофиқ аст.

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокимарониҳои тӯлонӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев вобаста ба масъалаи навбатии рӯзномаи корӣ доир ба дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 тазаккур дод, ки дар мамлакат барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои рақобатпазир ҷиҳати ғанигардонии бозори дохилию хориҷӣ захираҳо фаровонанд.

Дар соли 2005-ум истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 204 млн сомонӣ, гардиши савдои чакана 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ, ҳаҷми умумии сармоягузориҳои дохилӣ 380 миллион сомонӣ бо суръати афзоиши реалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар мавриди ин барнома ва параметрҳои лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005, ки онро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов муаррифӣ намуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо намудани 46,2 дарсади буҷети давлатӣ амри зарурию афзалиятнок аст.

Сарвари давлат ёдовар шуд, ки баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои буҷетҳ  дар соли ҷорӣ ба таври илова  60 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Баъди муҳокима дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 ва параметрҳои лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.

Дар маҷлис нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014 ва консепсияи истифодаи заминҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати иншооти сохтмону барқарор ва таъмиршавандаи ноҳияи Нуробод барои солҳои 2005 – 2010 тасдиқ шуд.

Бо қарори маҷлис маркази ҷумҳуриявии клиникаи наркологӣ бо номи профессор Минҳоҷ Ғуломов номгузорӣ шуд.

Дар маҷлис бештар аз 30 масъалаи вобаста ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баррасӣ ва доир ба онҳо қарорҳои марбута қабул карда шуд.

Рӯзи истироҳат аз якшанбеи 12 сентябр ба ҷумъаи 10 сентябри соли 2004 гузаронида шуд.

Дар хатми маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳукумат ва масъулинро бобати омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни истиқлол, андешидани тадбирҳои хайриявӣ ба эҳтиёҷмандону ятимон, ҳавасмандии пешсафони истеҳсолот, тайёрӣ ба гузаронидани ҷаласаи навбатии ЭКО дар Душанбе, инчунин вусъати корҳои саҳроӣ, бахусус таъмини саривақтии деҳқонони пахтакор бо маблағ, ба таври мушаххас вазифадор намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520