24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Леонид Кучма барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Ба муносибати рӯзи истиқлоли Украина табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтарини маро қабул фармоед.
Аминам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ҳар ду мамлакатамон минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон рушду густариш меёбанд.
Тоҷикистон омода аст, ки бо Украина робитаҳои зич дошта бошад ва мо барои рушди бардавому устувори ҳамкории миёни ҳар ду мамлакатамон ҳамаи чораҳои заруриро хоҳем дид.
Ба Шумо, Леонид Даниловичи азиз, саломатии бардавому комёбиҳои нав ва ба халқи украини бародар беҳбудию шукуфоиро таманно дорам».
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин вобаста ба фалокати ду ҳавопаймои мусофирбари мамлакаташ барқия фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Владимир Владимировичи мӯҳтарам, аз хабари ба фалокат дучор шудани ду ҳавопаймои мусофирбар, ки бар асари онҳо даҳҳо одамон ҳалок гардидаанд, сахт андӯҳгин шудам.
Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ ба Шумо аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардӣ изҳор менамоям. Аз Шумо хоҳишмандам, ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда расонед».