Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Давлати Интиқолии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

19.08.2004 09:00, шаҳри Душанбе

19 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ҳомид Карзай Раиси Давлати Интиқолии Исломии Афғонистон барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст: - Боиси сарфарозӣ мебошад, ки Ҷалолатмаоб ва дар шахси Шумо мардуми Афғонистони ҳамҷаворро ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни фархундаи истиқлол самимона табрик ва таҳният гӯям.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва таҷдиди ҷонибдорӣ аз талошҳои Давлати Интиқолии Исломӣ таҳти роҳбарии Шумо ҷиҳати барқарор намудани сулҳу суботи пойдор ва бунёди ҷомеаи озод ва демократӣ дар кишвари дӯст ва ҳамсоя, омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Афғонистон изҳор менамоям.

Ба Ҷалолатмаоб саломатии қавӣ ва пирӯзиҳо ва ба мардуми бародари Афғонистон комёбиву хонаободӣ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520