Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Индонезия Мегавати Сукаропутри

17.08.2004 09:00, шаҳри Душанбе

17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии халқи Индонезия ба унвони Президенти ин мамлакат Мегавати Сукаропутри барқияи шодбош фиристод, ки дар он гуфта шудааст: -Хонуми улёҳазрат, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати рӯзи эълони Ҷумҳурии Индонезия қабул фармоед.

Бо камоли қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки тӯли солҳои охир дар муносибатҳои мамлакатҳоямон тамоили мусбати ривоҷ ёфтани ҳамкории дуҷониба мушоҳида мешавад.

Аминам, ки ба туфайли кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Индонезия бештар аз  пештар равнақу ривоҷ меёбад.

Ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Индонезия сулҳу ободӣ орзу менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520