14 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парвиз Мушарраф Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бинобар ҷашни истиқлолияти кишвараш барқияи табрикҳ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст: - Ҷаноби Олӣ, ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни истиқлоли Ҷумҳурии Исломии Покистон табрикоти самимӣ ва таҳнияти моро қабул фармоед.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши тоза хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳимми сулҳу субот дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандиву муваффақият ва ба мардуми кишвари дӯст шукуфоиву бурдбориҳо орзумандам».