Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода қарор додани бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.08.2004 12:00, шаҳри Душанбе

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Сардори давлат нахуст аз утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои маркази таълимии судяҳо, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2003 таъсис ёфтааст, дидан кард.

Мавриди зикр аст, ки таълим дар марказ бо ҷалби судяҳои ботаҷриба, олимон, инчунин мутахассисони хориҷӣ мутобиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад. Доираи таълимгирандагон аз шаҳру навоҳии минтақаҳои мухталифи кишвар сол то сол васеъ мегардад.

Дар давоми солҳои охир бори нахуст судяҳо ва кормандони Дастгоҳи судҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба барномаи таълимӣ ҷалб карда шуданд.

Зимни шиносоӣ бо синфхонаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарият ва мутахассисони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба омӯзиши васеи технологияи компютерӣ ва забони англисӣ ҷалб кард.

Дар китобхонаи маркази таълимӣ тамоми адабиётҳои соҳавӣ, қонуну санадҳои ҳуқуқии мамолики тараққикардаи олам ҷамъ оварда шудааст. Сардори давлат тариқи Интернет ва почтаи электронӣ ба роҳ мондани робитаҳои доимии марказҳо бо китобхона ва марказҳои таълимии ҳуқуқии сайёра дастрас намудани маълумоти фаврии соҳа, инчунин ташкили филиалҳои марказро дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон амри саривақтию зарурӣ арзёбӣ кард.

Дар марказ сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмону ташкилотҳои хориҷӣ, ки барои татбиқи амалии тадбирҳои вобаста ба таъмини ҳар чӣ бештари мустақилияти судҳо кӯмак мерасонанд, муфиду самарбахш сурат гирифт.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони судҳои тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки бо иштироки Раисони Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои нави Шӯрои адлияи Тоҷикистон баргузор гардид, ба мушкилоту пешравӣ, дурнамои соҳа ва масъалаҳои таъмини волоияти қонун мароқи хоса зоҳир гардид.

Дар суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи мушаххас проблемаҳои ҷойдоштаи соҳа, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани мақом ва мавқеи суд дар ҷомеа, амалӣ намудани консепсияи ислоҳоти судӣ дар ҷумҳурӣ ва интихобу пешниҳоди номзадҳои арзанда ба вазифаҳои судягӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид ёфт, ки аз давраи ташкилёбии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне аз моҳи декабри соли 1999 то ба имрӯз 23 нафар судяҳо бо сабаби номувофиқ буданашон аз вазифа озод шуданд.

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мутахассисони варзида ба вазифаҳои сатҳи мухталифи судҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе таъин гардиданд.

Дар хатми мулоқот раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ва намояндагони судҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат изҳор доштанд, ки донишу таҷрибаи хешро баҳри таъмини адолати судӣ равона хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520