Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фармондеҳи ҳайати марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷон Абазаид

29.07.2004 14:00, шаҳри Душанбе

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи ҳайати марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷон Абазаид мулоқот кард.

Доираи мавзӯи сӯҳбати ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои низомӣ, авзои минтақа, ба хусус раванди барқарорсозии Афғонистон, муборизаи муштарак алайҳи терроризм, экстримизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро фаро гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, ҳама тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, қабл аз ҳама решакан кардани манбаи асосии фаъолияти таҳрибкорон, яъне истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддирро ҷонибдорӣ менамояд, зеро рӯйдодҳои солҳои охир собит намуданд, ки таҳдидҳои глобалӣ афзоиш ёфта, амнияту осоиши сайёраро халалдор месозанд.

Ҷонибҳо дар мавриди қувват бахшидани раванди барқарорсозии Афғонистон ҳамфикрии амиқ баён дошта, таъкид намуданд, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумати интиқолии Афғонистон дар таҳкими сохтори демократию фарогири манфиатҳои кулли сокинони ин кишвари азиятдида татбиқи барномаҳои сулҳпарварона ва шароитҳои озоди пешрафт дастгирии хешро дареғ надорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520