Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чопи китоби «Буддо, Аҷинатеппа, Тоҷикистон — таърих ва санъати буддизм дар Осиёи Марказӣ»

27.07.2004 15:00, шаҳри Душанбе

27 июл. Аз ҷониби Институти Шарқ ва Африқои Итолиё китоби олими шинохта-академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Борис Литвинский ва корманди илмии Эрмитажи давлатии Россия Тамара Зеймал таҳти унвони «Буддо, Аҷинатеппа, Тоҷикистон  — таърих ва санъати буддизм дар Осиёи Марказӣ»  ба табъ расид, ки дар он сарсухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар сарсухани худ тариқи муфассал дар бораи зардуштизм ва буддизм ва дигар мазҳабҳои Бохтар таваққуф намуда, ба ноширон ҷиҳати таваҷҷӯҳ ба таърихи Осиёи Марказӣ сипосгузорӣ кардааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520