Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алеш Фойтик

26.07.2004 10:00, шаҳри Душанбе

26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алеш Фойтик эътимоднома қабул кард.

Дар вохӯрии баъди маросими расмии эътимодномасупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Алеш Фойтикро ба ифтихори оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, дар таҳкими муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия ба ӯ муваффақият таманно кард.

«Тоҷикистон дар мавриди вусъати ҳамкориҳо ба мамолики Аврупои Шарқӣ ба хусус бо Чехия манфиатдор аст»,- таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.      Сарвари давлати Тоҷикистон бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо, ки барои инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия заминаи устувор мегузорад, зикр кард, ки муносиботи ба ҳар ду ҷониб манфиатнок аз созишномаҳои соли 1993 ба имзо расида сарчашмаи амиқ гирифтанд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ, ба хусус дар ҷодаи саҳмгирӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда тариқи воридшавӣ ба консорсиуми байналмилалӣ, инчунин коркарди зироатҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва пӯст мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар вохӯрӣ изҳори умед карда шуд, ки даҳсолаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Чехия марҳилаи комилан пурсамари татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак хоҳад буд, зеро фазои боварибахши ҷалби сармоя мавҷуд аст ва талоши ҳар ду ҷониб ҷиҳати таҳкими робитаҳо вусъат пайдо мекунад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520