Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

24.07.2004 11:00, шаҳри Душанбе

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон бобати таҳияи маҷмӯи нақшаи чорабиниҳо дастуру супоришҳо дод.

Сарвари  давлат таъкид намуд, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ баробари пешравиҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа як қатор камбудиҳо ошкор гардиданд, ҳамзамон дар сӯҳбатҳо шаҳрвандон таклифу дархости зиёд пешниҳод намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки бо мақсади амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ, инчунин таҳияи лоиҳаи бунёди иншоотҳои хурду бузурги истеҳсолию соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар шаҳру навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ, аз ҳисоби масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳайати корӣ ва гурӯҳи экспертӣ барои омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо созмон дода шавад.

Татбиқи бетаъхири нақшаи чорабиниҳо вобаста ба натиҷаҳои сафари кории Сарвари Давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон таҳти назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520