Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳусни Муборак

23.07.2004 09:00, шаҳри Душанбе

23 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳусни Муборак номаи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

боиси хурсандӣ мебошад, ки ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимитарин табрикоти бародаронаи худро бифиристам ва ба Шумо  саломатии бардавом, муваффақият ва ба мардуми дӯсти Миср пешрафт ва комёбиҳои зиёд орзу намоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда рағбати самимии ин ҷонибро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ байни кишварҳоямон ва халқҳоямон, ки ба ормон ва манфиатҳои мутақобила хидмат хоҳад кард, муҷаддадан изҳор менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520