Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят

20.07.2004 14:00, шаҳри Душанбе

21 июл дар шаҳри Қурғонтеппа мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят баргузор гардид.

Суханронии  Сарвари давлат дар асоси таҳлилҳои дақиқ бурду бохти заҳматкашони вилоятро дар муқоиса бо солҳои пешин дар бар гирифт.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти вилоят соли 2003 ба 1 миллиарду 232 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс бо нишондиҳандаҳои соли 2000 ум 3, 1 маротиба зиёд аст, вале ҳанӯз дар соҳаи коркарди зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои қавӣ эҳсос намешавад, нигаронӣ намуд Сарвари давлат.

Дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ таи солҳои охир хеле назаррас гардида, ба фаровонии бозор, таъмини аҳоли бо зироатҳои хушсифати арзон ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат кард. Шаклҳои нави хоҷагидорӣ натиҷаҳои самарабахш оварда истодааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаҷониба бештар ба пахтакорӣ майл доранд.

Дар идомаи ин андеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон кард, ки яке аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи солонаи пахта маҳдудияти ҳавасмандиҳои деҳқонон мебошад ва дар назди роҳбарони ноҳия ва сармоягузорон ҷиҳати аз ҳоло баррасӣ намудани масъалаҳои пардохти саривақтии музди чинакчиён вазифа гузошт.

Минбаъд ба анъанаи ҷалби мактабиён ба ҷамъоварии ҳосили пахта хотима гузошта мешавад, бо қатъият изҳор дошт Сарвари давлат.

Дар ҷаласа бо назардошти иқтидору имкониятҳои вилоят ба хотири инкишофи минбаъдаи минтақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор бобати таҳияи барномаи даҳсолаи дурнамои вилояти Хатлон, вусъати сохтмони Сангтӯда, бо ҷалби сармоя омодагӣ ба бунёди неругоҳи Даштиҷум, анҷоми таҷдиди роҳи Душанбе – Данғара, Қурғонтеппа – Кӯлоб то моҳи майи  соли 2005, авҷи корҳои лоиҳакашию сохтмонии ағбаи Шаршар, барқарорсозии хатҳои обрасонӣ ва шабакаи канализатсияи шаҳрҳои Қурғонтеппаю Кӯлоб, азхудкунии заминҳои водии Данғараю Бешкент ва таҳияи лоиҳаи роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа тариқи мушаххас вазифадор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии гузориши раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев бештар ба сабабҳои асосии кашолёбии тақсими замин ба аҳолӣ, содироти нокифояи зироат ба хориҷа ва аз ҷониби роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ҷой доштани омилҳои маҳдудкунандаи шаклҳои нави хоҷагидорӣ диққат дод.

Роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати вусъати корҳои саҳроӣ, пардохти саривақтии маошу нафақа, омодагии мактабҳо ба соли нави таҳсил, беҳдошти хизматрасониҳои тиббӣ, таълиму тарбияи насли наврас дастур гирифтанд.

Иштирокчиёни мулоқот бо изҳори сипосу қаноатмандӣ ба дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди додани мустақилияту озодиҳои заминдорӣ қавл доданд, ки тамоми қувваи хешро баҳри таҳкими раванди созандагии кишвар равона месозанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520