Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои нави истиқоматии 5 ошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат

04.06.2016 07:41, шаҳри Ваҳдат

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави истиқоматии 5 ошёна дар маркази шаҳр оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои хуштарҳу замонавии истиқоматиро мавриди истифода қарор дода аз амали созандаи соҳибкори маҳаллӣ дар бунёди ин иншоот ситоиш кард.

Бинои баланошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ дар давоми 18 моҳ аз ҷониби соҳибкор Файзиев Инъомҷон дар якҷоягӣ бо фарзандони тоҷираш бунёд гардида идомаи тадбирҳои муваффақи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дастгирии соҳибкории хурду миёнаи ватанӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин мавзеи бинои баландошёна сохта шуда манзили якошёна ҷой дошт, ки барои соҳибмулк зиндагӣ бо фарзандону наздикон дар он аз лиҳози масоҳат ва ҳуҷраҳои зист носозгор буд. Бо истифодаи оқилонаи замини дар ихтиёр дошта соҳибкор на танҳо дар таъмини наздикону пайвандони худ бо ҷойи зист ҳамзамон дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони шаҳр муваффақ гардид.

Дар ошёнаи якуми бино ошхонаи замонавӣ дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва дар ошёнаи сеюм коргоҳи дузандагӣ барои касбомӯзии панҷоҳ нафар ҷавондухтарон бунёд гардида ошёнаҳои чорум ва панҷум ҳамчун манзили зист пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин бинои хушсохт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни хурсандии 10 ҷуфт навхонадорон ва хатнатуйи 24 нафар фарзандони ятим ва аз оилаҳои камбизоат иштирок карда ҳамаи онҳоро ба муносибати санаҳои таърихии давлату миллат- ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520