Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини аввали котиби давлатии ИМА Ричард Армитиҷ

17.07.2004 17:00, шаҳри Душанбе

17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали котиби давлатии ИМА Ричард Армитиҷро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар стратегияи сиёсати берунии давлати мо,- зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон,- густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо ИМА яке аз самтҳои афзалиятнокро ташкил медиҳад ва мо кӯшиш менамоем ба онҳо хусусияти шарикӣ бахшем. Сардори давлати Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки дар вохӯрии кӯтоҳмуддату самарабахш бо Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, ки чанде қабл дар мулоқоти сарони узви Шӯрои созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Истамбул сурат гирифт, мо аз вазъи кунунии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Амрико изҳори қаноатмандӣ намудем ва оид ба густариши доираи ҳамкориҳои ҳарду кишвар ибрози ақида кардем.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ричард Армитиҷ ҳамфикрии худро дар муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар мубориза бар зидди хатарҳои замони муосир, ки аз қувваҳои террористиву экстремистӣ бар меоянд, таъкид сохтанд ва зарурати ҳамкории зичро дар ин самт иброз намуданд. Мисоли равшани чунин ҳамкорӣ дар муборизаи дастаҷамъона дар ҳалли қазияи Афғонистон ифода меёбад. Ба масъалаҳои барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангии Афғонистон дахл карда, ҷонибҳо зарурати сохтмони кӯпрукҳоро аз болои дарёи Панҷ, ки дар рушди шабакаҳои нақлиёти кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозанд, таъкид сохтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯоти муҳим, аз ҷумла ҷалби маблағгузориҳо ва ҳавасмандии сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо манфиатдории худро дар густариши робитаҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ изҳор намуданд.

Дар мулоқот бо хабарнигорон Ричард Армитиҷ изҳор дошт, ки ӯ сипоси Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва котиби давлатии ИМА Колин Пауэлро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба дар мубориза алайҳи терроризм расонидааст.

Дар ҷавоби саволи хабарнигори ИТАР-ТАСС доир ба имзои Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вобаста ба базаҳои ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ таъкид кард, ки ин дастовард дар муносиботи дуҷонибаи ҳар ду давлат мебошад ва бо ин дастовард Сарвари Давлати Тоҷикистонро шодбош гуфтааст.

Зимни посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ричард Армитиҷ изҳор дошт, ки ин иқдоми муҳим дар роҳи дурусту демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон аст ва акнун ба ҳамаи мо зарур аст, ки дар ҳамдастӣ ба интихоботи озод, шаффоф ва ҳақиқӣ мусоидат намоем – дар хотима гуфт муовини аввали котиби давлатии ИМА.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520