17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии наваскарони Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба зиммаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ,-таъкид намуд Сарвари давлат, - вогузор намудани вазифа ва масъулияти баланди хизмат ба Ватан маҳз аз рӯзи савгандёдкунӣ оғоз меёбад. Дар баробари савгандёдкунӣ хизматчии ҳарбӣ ба унвони аскар мушарраф гардида, барои ҳифзи Ватани худ ӯҳдадор мегардад.
Саҳми Гвардияи миллӣ дар ҳифзи Ватан, давлат ва сулҳу суботи кишвар дар солҳои истиқлолият борҳо зикр гардидааст. Ба подоши ҷасорату корнамоиҳои ҳарбии ҳайати шахсӣ зиёда аз 200 нафар хизматчиёни низомии Гвардия бо мукофоти давлатӣ қадр карда шудаанд. Солҳои охир 90 нафар афсарони Гвардияи миллӣ макотиби олии ҳарбӣ ва 12 нафар академияи олии ҳарбиро бомуваффақият хатм намуданд.
Вобаста ба таъминоти Гвардия бо воситаҳои нақлиёту алоқа, таъмину дастрас кардани муҳимоти ҷангӣ, таҷҳизонидани майдончаву синфхонаҳои таълимӣ ва шароити зиндагиву машғулиятҳо пешравию беҳбудиҳо эҳсос мегарданд,-таъкид кард Сарвари давлат ва илова намуд, ки дар хусуси бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ низ чораҳо андешида шуд. Бинои нӯҳошёнаи воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ баъди таъмиру сохтмон ба ихтиёри хизматчиёни ҳарбии Гвардия дода мешавад.
Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ, наваскарон аз назди минбар бошарафона қадам зада, садоқату матонати хешро ба халқу Ватан арзёбӣ намуданд. Сипас аз майдон қатори техникаҳои муқтадири низомӣ гузашта, афсарону сарбозон омодагии доимии худро дар ҳифзи истиқлоли миллӣ ва амнияту оромии кишвар ифода карданд.