Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

15.07.2004 11:00, шаҳри Душанбе

15 июл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як силсила қонунҳое, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои охирини худ қабул ва ҷонибдорӣ карда буд,  ба имзо расида, барои интишор пешниҳод карда шуданд.

Аз ҷумла, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл», «Дар бораи Гвардияи миллӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар асоси ду лоиҳаи алтернативие, ки аз тарафи фраксияҳои гуногуни Парламент пешниҳод шуда буданд, бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ муҳокима ва аз ҷониби Парламент қабул карда шудааст.

Қонуни мазкур ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни конститутсионии амалкунанда ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия ва ба таъмини интихоботи шаффоф ва ошкоро равона шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» ҷиҳати эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Бо назардошти меъёрҳои умумибашарӣ соли гузашта ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мувофиқи он аз 15 моддае, ки ҷазои қатлро пешбинӣ мекарданд аз 10 модда ин намуди ҷазо хориҷ шуда буд. Бо эълон гардидани моратория дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл манъ карда мешавад ва ин қонуни мазкур аз 30 апрели соли 2004 сар карда мавриди амал қарор дода шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро муайян намуда, бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Зарурияти қабули қонуни мазкур аз он иборат аст, ки дар ҷомеа, ба хусус дар арсаи байналмилалӣ кирдорҳои нави номатлуб ба мисли хариду фурӯши одамон, истифодабарии онҳо ҳамчун ғулом, дар корҳои фисқу фуҷур, фоҳишагӣ, дар муноқишаҳои мусаллаҳона ва дигар мақсадҳои ғаразнок пайдо шуда, қадру қиммати инсонро паст мезанад. Қонуни мазкур чорабиниҳоеро пешбинӣ мекунад, ки садди роҳи омилҳои ношоями номбурда мегарданд.

Ба қавли Котиби матбуоти Сарвари давлат  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо зиёиёни мамлакат сарчашма гирифта, бо мақсади рушди минбаъдаи воситаи ахбори умум ва таъмини мустақилияти онҳо ва ҳавсманд гардонидани муаллимони мактабҳои деҳот иловаҳоро ба моддаҳои 187 ва 234 Кодекси андоз пешбинӣ мекунад.

Мутобиқи ин иловаҳо таҳвили рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, китобҳои илмӣ – техникӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба нашри онҳо аз андози иловашуда озод карда шудааст. Ин имтиёзҳо ба маҳсулоти дар боло қайдшудаи хусусияти эротикӣ ва махсуси рекламавӣ паҳн намегардад.

Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани муаллимони мактабҳои деҳот қитъаҳои замини назди ҳавлигии онҳо дар доираи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андози замин озод карда шудаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520