Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Жак Ширак

13.07.2004 09:00

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди миллии мардуми Фаронса-Рӯзи гирифтани қалъаи Бастилия ба унвони Президенти ин мамлакат Жак Ширак барқияи шодбош фиристод, ки дар он гуфта мешавад: 

«Ҷаноби мӯҳтарам Президент, 

Лутфан табрикоти самимона ва орзуҳои неки маро ба муносибати Иди миллии мардуми кишваратон бипазиред.

Тоҷикистон ба вазъияти имрӯза ва равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар баҳои баланд медиҳад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҳамкории муфид ва самарабахши мамлакатҳоямон асоси воқеӣ доранд ва самараи ҷидду ҷаҳди мо ба сӯи демократия буда, дар оянда беш аз пеш ривоҷ хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, ҷаноби Президент саломатии комил, рӯзгори фараҳмандона ва ба халқи бо мо дӯсти Фаронса сулҳу осоиш ва рӯзгори обод таманно менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520