Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котиби иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло

08.07.2004 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби иҷроияи ИДМ Владимир Рушайлоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ, ҳамкориҳои иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯоти муҳимми вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи кишварҳо баррасӣ шуданд.

Ин аввалин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Рушайло, ки ба сифати котиби иҷроияи ИДМ ба Душанбе омадааст, мебошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Владимир Рушайло бобати тавсеаи фаъолияти Шӯро, ҳамгироиҳои иқтисодии мамлакатҳои аъзо ва таҳияи лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи дигар созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ муваффақият таманно кард.

Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло изҳор дошт, ки барои кулли мамолики аъзо дар инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси бозори ягона, рафтуомади озоди шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд.

Ҷонибҳо дар мавриди бо ҷалби ҳарчи бештари сармоя ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои бойи энергетикии Тоҷикистон, канданиҳои зеризаминӣ, коркарди зироатҳои кишоварзӣ ва афзоиши содироту воридоти мол ҳамфикрии амиқ изҳор дошта, дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои фарогири мубориза алайҳи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, авзои минтақа ва сайёра дахл намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520