Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Канслери федералӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори Ҷумҳурии Австрия Волфганг Шоссел

08.07.2004 08:00, шаҳри Душанбе

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери федералӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори Ҷумҳурии Австрия Волфганг Шоссел барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Аълоҳазрат, аз хабари вафоти ногаҳонии Президенти Ҷумҳурии Австрия Томас Клестил хеле андӯҳгин шудам.

Доктор Томас Клестил дар хотири мо ҳамчун яке аз ходимони намоёнтарини давлатии Австрия, сиёсатмадори хирадманду одиле боқӣ мемонад, ки ба таҳкими демократия, таъмини сулҳу суботи сайёра ҳиссаи калон гузоштааст.

Дар ин лаҳзаи ҳузновар аз Шумо, ҷаноби Канслери федералӣ, хоҳиш мекунам, ки тасаллияти сидқии маро ба халқи Австрия, хешу табор ва пайвандони марҳум расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520