Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо собиқ ноиби Президенти бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ машваратчии калони Барномаи Тараққиёти СММ Йоханнес Линн

02.07.2004 10:00, шаҳри Душанбе

2 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ ноиби Президенти бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ машваратчии калони Барномаи Тараққиёти СММ Йоханнес Линнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доираи васеи мавзӯъҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи Тараққиёти СММ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.

Тоҷикистониён,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон,  аз фаъолияти муассисаҳои СММ дар Тоҷикистон қаноатманд мебошанд, зеро дар марҳилаи душвори ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар ҳалли як қатор мушкилот муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд.

Машваратчии калони Барномаи Тараққиёти СММ Йоханнес Линн бо ёдоварӣ аз робитаҳои пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бори дигар дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои муҳимми марҳилаи навини инкишофи Тоҷикистонро натиҷаи сиёсати дуруст ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки имсол Барномаи Тараққиёти СММ бори аввал дар таърихи фаъолияти хеш коркарди ҳисоботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ оид ба рушди инсон оғоз менамояд.

Ҳадафи он ҷамъоварии иттилооти муқоисавӣ, набзи тараққиёти инсон дар самти озодиҳои ҳуқуқӣ, ҳифзи сиҳатӣ, маориф ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷонибҳо дар мавриди аҳамият ва зарурати ҳисоботи амиқи рушди инсон ҳамфикрӣ изҳор дошта, таъкид намуданд, ки он барои таҳияи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар мавриди паст намудани шиддати камбизоатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли дигар проблемаҳои экологию иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот ба як қатор масъалаҳои фарогири авзои минтақа ва дурнамои ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи Тараққиёти СММ мароқ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520