Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара ва Тартиби хизматрасонии тиббии пулакӣ дар муассисаҳои системаи тандурустӣ ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара

30.06.2004 15:00, шаҳри Душанбе

30 июн мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» бо мақсади танзими хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва пулакӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ ба таври таҷрибавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара ва Тартиби хизматрасонии тиббии пулакӣ дар муассисаҳои системаи тандурустӣ ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғараро имзо намуд.

Шарҳи Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоб супориш дода шудааст, ки маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияҳои Варзоб ва Данғараро дар ҳаҷми пурраи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки натиҷаҳои татбиқи Барнома ва Тартиби хизматрасонии тиббии пулакӣ дар муассисаҳои системаи тандурустиро дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара ҷамъбаст намуда, то 1 декабри соли 2004 бо тартиби муқарраргардида оид ба ҷорӣ намудани он дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таклифҳо пешниҳод намуда, номгӯй ва нархномаи хизматрасонии тиббии пулакиро барои аҳолии ноҳияҳои номбаршуда, таҳия ва тасдиқ намояд.

Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» амалӣ мегардад. Барнома озмоишӣ буда, барои нимсолаи дуюми соли 2004 пешбинӣ шудааст.

Мақсади Барнома аз расонидани ҳаҷмҳои кафолатноки кӯмаки тиббию санитарӣ мутобиқи захираҳои молиявие, ки аз маблағҳои давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ҷудо карда мешавад ва дар ин замина фароҳам овардани шароити беҳтар барои аҳолӣ, махсусан барои гурӯҳҳои камбизоати он, дастрас гардонидани навъҳои асосии кӯмаки тиббию санитарӣ иборат аст.

Барнома навъ ва ҳаҷми кумаки тиббию санитариеро муқаррар менамояд, ки ройгон ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ва барои гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ ва гурӯҳҳои беморон расонида мешавад.

Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара ҳуқуқ доранд, ба аҳолӣ аз ҳисоби захираҳои худӣ ё дигар захираҳо бар замми Барномаи мазкур ҳаҷм ва навъҳои иловагии кӯмаки тиббию санитариро фароҳам оваранд.

Чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиологӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии назорати санитарию эпидемиологии ноҳияҳо тибқи тартиби назорати давлатии иншооти таъминоти об, хӯроки умумӣ, иншооти кӯдакон, наврасон ва дигар иншооти аз нигоҳи эпидемиологӣ муҳим дар доираи маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудогардида анҷом дода мешавад.

Дар тамоми ҳолатҳои дигар кӯмаки тиббию санитарӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси пулакӣ анҷом дода мешавад.

Дар Барнома гурӯҳҳои аҳолӣ ва гурӯҳҳои бемороне, ки дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара барояшон хизматрасонии ташхисӣ ройгон анҷом дода мешавад,  ҳангоми муолиҷаи онҳо дар муассисаҳои амбулаторию поликлиникии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара доруворӣ тибқи варақаи таъиноти духтури оилавӣ ройгон дода мешавад: (бояд қайд намуд, ки доруворӣ ба ҳар нафари гурӯҳи зикргардидаи аҳолӣ ба маблағи на бештар аз 10 сомонӣ барои як сол таъин ва дода мешавад); гурӯҳҳое, ки барояшон кумаки таъҷилии тиббӣ ройгон расонида мешавад ва гурӯҳҳои аҳолӣ ва гурӯҳҳои беморони ноҳияҳои Варзоб ва Данғара, ки бояд барояшон муолиҷаи статсионарӣ ройгон анҷом дода шавад, муайян гаштааст.     

Хизматрасонии тиббии пулакӣ бошад ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи хизматрасониҳои муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Муассисаҳои давлатии тиббӣ хизматрасонии тиббии пулакиро ба аҳолӣ тибқи иҷозатномаи махсуси мақомоти идораи дахлдори тандурустӣ ва мувофиқаи мақомоти давлатии зиддимонополӣ амалӣ мегардонанд.

Нархномаи хизматрасонии тиббӣ, ки ба аҳолӣ барои пардохт пешниҳод мегардад, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520