28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар саммити навбатии Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия рафт.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Эркин Рахматуллоев, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.