Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

11.06.2004 09:00, шаҳри Душанбе

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Сарфарозам, ки ба ифтихори солгарди қабули Декларатсия оид ба истиқлолияти Федератсияи Россия ба Шумо табрикоти самимонаи хешро мефиристам.

Хушбахтона, муносибати дуҷонибаи кишварҳоямон дар марҳилаи сипаришуда хеле таҳким ёфт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши Федератсияи Россия бобати истиқрори суботу амнияти Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ дар ИДМ баҳои баланд медиҳанд.

Ба Шумо, мӯҳтарам Владимир Владимирович,  саломатӣ, бахту саодат ва дар фаъолияти пурсамаратон муваффақият ва ба халқи Россия пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520