Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алии Абтоҳӣ

10.06.2004 15:00, Қирғизистон

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алии Абтоҳӣ хеле пурмӯҳтаво буд. Сарвари давлати Тоҷикистон инкишофи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратиро мусбат арзёбӣ намуда, ташрифи қарибулвуқӯи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммад Ҳотамиро ибтидои марҳилаи сифатан созандаи равобити миёни кишварҳо маънидод кард.

Ҷонибҳо ба маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо,  қабл аз ҳама истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, табодули таҷриба дар бахши тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ва ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ мароқи бештар зоҳир намуданд. Маҳз муносибати неки ҳамсоягӣ, таъриху фарҳанги пурғановати муштарак ва талошу хоҳишҳои амиқи халқҳои ҳарду кишвар сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро сол то сол қавитару бобарор ва пурсамар мегардонад, таъкид гардид дар мулоқот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Абтоҳӣ ҳамчунин ба масъалаҳои марбути амнияти минтақа ва ҷаҳон ва саҳмгирҳ  дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии давлати Афғонистон диққати махсус доданд. Фазои мулоқот созандаву пурмӯҳтаво буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520