10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Евразия дар асри XXI: гуфтугӯи фарҳангҳо ё низои тамаддунҳо?» дар шаҳри Чолпон-атаи Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба ин конфронси байналмилалӣ, ки таҳти васояти ЮНЕСКО ба кори худ оғоз бахшид, ҳайатҳои олирутбаи беш аз 20 кишвари олам аз ҷумла Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Эрону Ҳиндустон, ИМА, Фаронса, Испания, Чину Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.
Конфронси байналмилалии «Евразия дар асри XXI: гуфтугӯи фарҳангҳо ё низои тамаддунҳо?»-ро нависандаи шинохтаи ҷаҳони муосир, арбоби сиёсию давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айтматов ифтитоҳ бахшид.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ба иштирокчиёни конфронс доир ба зарурату афзалиятнокии ин тадбири байналмилалӣ изҳори назар намуд. Сарвари давлати Ҷумҳурии Қирғизистон ва дабири кулли созмони ЮНЕСКО Коитиро Мацуура иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар кори ин форуми бонуфуз ифодаи амиқи таваҷҷӯҳи роҳбарияти олимақоми давлати тоҷикон ба муҳимтарин масоили дорои аҳамияти пурарзиши ҷаҳонӣ номиданд.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои воқеӣ гуфтугӯи тамаддунҳо ва ҳамкориҳои манфиатноки дӯстонаи мамолики Шарқу Ғарбро омили беназири ҳалли мушкилоти вобаста ба амнияти минтақа ва сайёра, мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти фарогири масоили камбизоатӣ, душвориҳои экологию иқтисодӣ арзёбӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёни конфронс, ба хусус намояндагони мамолики Осиёи Марказиро ба эҳё ва тақвияти робитаҳои неки фарҳангию муносибати таърихан қадимаи ҳамсоягӣ ҷалб кард.
Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон боз ҳам қавитар намудани ҳамкориҳои самаранок ва рафту омади озоди шаҳрвандон ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи минтақа, таҳкими суботу амният ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Андешаҳои Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни конфронси байналмилалии «Евразия дар асри XXI : гуфтугӯи фарҳангҳо ё низои тамаддунҳо?» бо қаноатмандии комил пазируфта шуд.