7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш барқия фиристода, ба ӯ нисбат ба вафоти собиқ Президенти ИМА Роналд Рейган изҳори ҳамдардӣ намуд. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби аълоҳазрат, аз хабари вафоти Президенти собиқ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роналд Рейган сахт андӯҳгин гардидам.
Президент Рейган яке аз симоҳои намоёни ҳаёти сиёсии сайёра дар охири асри XX буд. Фаъолияти хастагинопазири ӯ, ки ба беҳтар сохтани фазои боварии мутақобила ва бартараф сохтани бегонагии мамлакатҳо равона шуда буд, оғози дигаргуниҳое гардид, ки имрӯз симои ҷаҳони муосирро муайян менамояд.
Ҷаноби Президент, аз Шумо хоҳишмандам дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ ҳамдардии маро ба халқи Амрико, аҳли оила ва хешту таборони марҳум бирасонед».