Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ёвари муовини котиби давлатии ИМА Линн Паско

22.05.2004 16:00, шаҳри Душанбе

22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёвари муовини котиби давлатии ИМА Линн Паско мулоқот кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сидқан манфиатдор мебошад. Сардори давлати Тоҷикистон аз равнақу ривоҷи имрӯзаи муносибатҳои ҳар ду кишвар, ки сол то сол густариш меёбанд,  изҳори қаноатмандӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи муносибатҳояш бо ИМА аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба ҳамкории ҳамаҷониба бо ин мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ иқтисодӣ ва гуманитарӣ тайёр мебошад.

Изҳори умед карда шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон чи дар ҷараёни муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои байналхалқии иқтисодӣ ва молиявӣ дар масъалаи афзунтар сохтани ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва масъалаҳои дигар бештар кӯмак хоҳад расонд.

Ҳар ду ҷониб қайд карданд, ки оғози сохтмони купрӯк дар болои дарёи Панҷ, ҷудо кардани маблағ барои тармими хати парвозу нишасти ҳавопаймоҳои майдони ҳавоии Душанбе имрӯз аз ҷумлаи барномаҳои муҳимтарин мебошанд.

Президенти ҷумҳурӣ ва ёвари муовини котиби давлатии ИМА баъдан масъалаҳои Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо таъкид намуданд, ки вазъияти ин мамлакат таваҷҷӯҳ ва мусоидати доимӣ ва муассири ҷомеаи ҷаҳонро тақозо менамояд. Кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳон ба Афғонистон бояд дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ расонда шавад. Дар замина ба вазъияти имрӯзаи истеҳсолу паҳн намудани маводи нашъадор дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Президенти ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки ташрифи ёвари муовини котиби давлатии ИМА Линн Паско ба равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520