Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Маликаи Урдун хонума Нур

19.04.2004 15:00, шаҳри Душанбе

19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маликаи Урдун хонума Нурро ба сифати сафири иродаи неки Барномаи рушди СММ ба ҳузур пазируфт.

Тарафҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо барномаи рушди СММ муҳокима намуданд.

Имрӯз,-қайд намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - бо назардошти зарурати пуштибонии соҳаи иҷтимоӣ ва системаи нигоҳдории тандурустӣ дидани чораҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории СПИД ва таъмини бехатарии хун, ки онро бунёди ҷаҳонӣ оид ба муборизаи зидди бемории СПИД, ҳамчунин бемориҳои сил ва вараҷа дастгирӣ менамояд, басо сари вақт аст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Барномаи рушди СММ барои ҷилавгарӣ ва коҳиш додани хавфи паҳншавии ин беморӣ дар мамлакат минбаъд ҳам саъю кӯшиш менамояд. Қайд шуд, ки чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамкории васеътар бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид имкон медиҳад, ки дар оянда бисёр проблемаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои зан ва дар ҷомеа,  пурзӯр намудани мақому мартабаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.

Ба саъю кӯшиши Барномаи рушди СММ, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва кишварҳои мададгор ҷиҳати ҳалли проблемаҳои марбут ба нобуд кардани минаҳои қаламрави Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба дурнамои ҳамкории минбаъдаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дахл карда, зикр намуд, ки мо ба масъалаи бештар диққат додани Барномаи рушди СММ ба тараққии устувори Тоҷикистон ҳамчун шарти зарурии амнияту рушди боэътимоди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдорем.

Тарафҳо ҳамчунин проблемаи Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Қайд шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша тарафдори Афғонистони орому осоишта буд ва мебошад.

Аз рӯи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба низ мубодилаи афкор барпо гардид. Тоҷикистон, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, манфиатдор аст, ки ба решаҳои таърихии равобити байни халқҳо ва сарватҳои умумиамон такя намуда, робитаҳои муфидро бо мамлакатҳои ҷаҳони араб барқарор намояд. Тарафи мо мутмаин аст, ки ҳамкории зичи байни ҳар ду мамлакат ба манфиати кулли халқҳоямон мусоидат мекунад, биноан, мо барои рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Урдун ҳамаи саъю кӯшишро ба харҷ хоҳем дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520