Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чопи мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи бонуфузи ҷумҳурии Халқии Хитой «Контимост»

16.04.2004 17:00, шаҳри Душанбе

16 апрел Шумораи Чоруми маҷаллаи бонуфузи ҷумҳурии Халқии Хитой «Контимост» мусоҳибаи хабарнигори худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Шоҳроҳи бузурги абрешим — пайвандгари гузашта, имрӯза ва оянда…(Великий шелковый путь — мост между прошлым, настоящим и будущем…) ба чоп расонидааст.

Дар мусоҳиба Сарвари давлати Тоҷикистон доир ба пешрафту дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, татбиқи муваффақонаи барномаҳои дарозмӯҳлати фарогири муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои азими муштараки истеҳсолӣ, раванди демократикунонии ҷомеаи навини тоҷикон робита бо мамолики сулҳпарвари олам ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намудааст.

Аксари маводи шумораи нави маҷалларо мақолаву расмҳои таҷассумгари расму оинҳои мардумӣ ва пешравиҳои иқтисодию илмии даҳсолаи охири Тоҷикистон дар бар гирифтаанд.

Дар мақола ҳамзамон дар мавзӯоти ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Хитой дар доираи созмони ҳамкориҳои Шанхай, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба амнияту пешрафти минтақа ва ҷаҳон дахл карда шудааст. Рӯзномаҳои марказии Ҷумҳурии Мардумии Хитой низ доир ба авзои кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаҳои ҷолибро пешкаши миллионҳо хонандагон гардонидаанд.

Мавриди зикр аст, ки маҷаллаи сертиражи «Контимост» бо забонҳои гуногуни дунё нашр гардида, дар бештар аз 100 мамлакати  сайёра паҳн карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520