Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Аcхат Оразбой

09.04.2004 14:00, шаҳри Душанбе

9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Аcхат Оразбойро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо бо муҳокимаи масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, баъзе масоили ташкилии мулоқоти 8-уми сарони кишварҳои узви Созмонро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон,  ба нақши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар инкишофи иқтисодии минтақа баҳои баланд медиҳад. Рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои миёни кишварҳои узви ин созмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муносибатҳои мо дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд ҷавобгӯи талаботи рӯз бошад, зеро дар марҳалаи глобализатсияи ҷаҳони муосир танҳо рушди иқтисодии минтақа ва кишварҳои алоҳида ба таъмини суботу шукуфоӣ кафолат хоҳад дод.

Таъкид ёфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмон тадбирҳои амиқ меандешад.

Дар ҷараёни мулоқот зарурату аҳамияти инкишофи ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сайру сайёҳат, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ арзёбӣ шуданд.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Созмон ба тавсеаи ҳамкориҳо такони нав хоҳад бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520