Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Булғористон Соломон Пасси

08.04.2004 14:00, шаҳри Душанбе

8 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Булғористон Соломон Пассиро ба ҳузур пазируфт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, — ба талошҳои роҳбарияти САҲА дар ҷодаи таҳкими амнияту суботи минтақа баҳои баланд дода, ба дурнамои инкишоф ва ҳамкориҳои амиқ бо САҲА, ки ба тақвияти раванди демократикунонӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳалли масъалаҳои иқтисодию экологӣ равона шудаанд, мароқи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Булғористон Соломон Пасси ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ, мавқеи устувори кишвараш дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва ташаббусҳои байналхалқии ӯ дар пешниҳоду гузаронидани Соли байналмилалии «Оби тоза» ва 10-солаи «Об барои ҳаёт» баҳои баланд дода, қайд кард, ки таҷрибаи беназири пойдории сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон аз ҷониби САҲА мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ба мавзӯъҳои вобаста ба нишондодҳои иқтисодию экологӣ дахл намуда, ба як қатор масъалаҳои муҳим аз ҷумла назорати истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ, ҳамкориҳои иқтисодии байнисарҳадӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, ташкили шароитҳои зарурии ҷалби сармоя, қувваи корӣ ва муҳити зист табодули назар карда шуд.

Ҷонибҳо дар мавриди он, ки дар асри XXI ҳалли мушкилоти амнияту оромӣ дар маркази диққати ҷомеаи башарӣ қарор мегиранд, ҳамфикр буданд. Таъкид ёфт, ки таҳдидҳои асосӣ мисли терроризми байналмилалӣ, экстримизми сиёсию мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, инчунин хариду фурӯши одамон тайи солҳои охир амиқтар зуҳур намуда, доираи таъсири худро васетар месозанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки алҳол дар доираи пурзӯр намудани мубориза алайҳи терроризм ва талаботи ҳуҷҷатҳои САҲА Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва фавриро ҷиҳати қувват бахшидани мубориза бар зидди кулли зуҳуроти терроризм ва омилҳои маблағрасони он амалӣ менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарохи зидди нашъамандӣ мебошад, ки талошҳои дастаҷамъии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳамчун манбаи асосии молиявии терроризми ҷаҳонӣ ва омили асосии нооромӣ на танҳо дар минтақа, балки дар сайёра муттаҳид месозад.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористон низ дахл намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Булғористон Соломон Пасси ҳамчунин ба барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаи Булғористон ва Тоҷикистон мароқи хоса зоҳир намуда, изҳори омодагии хешро баён дошт, ки то охири ҳамин сол дар шаҳри Душанбе Сафоратхонаи Булғористон кушода хоҳад шуд.

Соломон Пасси даъвати Президенти Булғористонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ аз ин кишвар расонид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520