Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Деннис Де Трей

07.04.2004 18:00, шаҳри Душанбе

7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Деннис Де Трейро ба ҳузур пазируфт.

Мо мулоқоти имрӯзаро идомаи мантиқии таҳкими ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва омили вусъатбахши дигаргунсозиҳои иқтисодии кишвари худ меҳисобем,-изҳор дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Тарафҳо як қатор масъалаҳои фарогири вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро маҳокима намуданд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудааст. Дар соли сипаришуда иқтидори тадбирҳо дар қисмати макроиқтисодӣ афзоиш ёфт. Ба хусус дар натиҷаи корҳои амалишуда маҷмӯи воқеии маҳсулоти дохилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои соли 2003 10,2 фоиз афзун гардид.

Ҳамзамон бо афзоиши қисмати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ аз 180 ба 250 доллари ИМА, беқурбшавии асъори миллӣ аз рӯи натиҷаҳои сол 13,7 фоизро ташкил дод.

Ба масъалаи ҳамкорӣ бо мамолики маблағгузор дахл намуда, Эмомалӣ Раҳмон ба мулоқоти гурӯҳи Машваратии кишварҳои сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 феврал дар Лондон баргузор гардид ва натиҷаҳои бадастомадаи он баҳои баланд дод. Махсус таъкид ёфт, ки натиҷаҳои мулоқоти номбурда бори дигар аз эътимоди устувори иттиҳоди байналмилалии сармоягузор ба роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсӯҳбати худ иттилоъ расонид, ки як ҳафта қабл бо мақсади таъмини шаффофияти тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳодиҳӣ ба фаъолияти самарабахш дар мавриди истифодаи маблағҳои аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ҷудогардида, инчунин таъмини мақсаднокию манфиати ҳарчи бештари он ба инкишофи мамлакат таҳлили навбатии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дахлдори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон гузаронида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи таҳлил ба дараҷаи мувофиқати маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ба ҳадафи стратегияи паст гардонидани шиддати камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ баҳо дода, мувофиқати манфиатҳои миёни Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии  Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳосил гардид ва аз рӯи натиҷаҳо нақшаи муштараки фаъолият қабул шуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба шартҳои қарзи дуюм барои ислоҳоти сохторҳ ва дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520