Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Украина Константин Грищенко

03.04.2004 11:00, шаҳри Душанбе

3  апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Украина Константин Грищенкоро ба ҳузур пазируфт.

Тарафҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба муносиботи дуҷониба ва тадбирҳои ояндаи вусъатбахши онҳо изҳори ақида намуданд. Дар ҳамкориҳои миёни кишварҳои мо, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон талоши ҳамешагии дуҷонибаи таҳкиму воридшавӣ ба марҳилаи сифатан созанда эҳсос мешавад. Боварӣ дорам, ки робитаҳои минбаъдаи мо ба таъмини инкишофи рӯзафзуни ҳар ду мамлакат ва ба манфиати халқҳои бародар мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни сӯҳбат зикр гардид, ки дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои дутарафаи миёни Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои ояндадору самараноки ҷавобгӯи талаботи ҳар ду ҷониб, ба хусус иқтисодиёту фарҳанг ва илму маориф зарурати воқеӣ пеш омадааст. Ба масъалаи амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳо, ки моҳияти он рушди равобити устувори тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва муносибати фарҳангии кишварҳо мебошад, мароқи хосса зоҳир карда шуд.

Мусоҳибон дар масъалаи имкониятҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Украина, аз ҷумла таҳияи нуқтаи назари муштараки сиёсати хориҷии ҳалли масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ, инчунин дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳои самарабахши субъектҳои хоҷагии ҳар ду кишвар мавқеи ягона баён доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Константин Грищенко доир ба ҷалби сармояи Украина бо мақсади ташкили корхонаҳои муштараки коркарди захираҳои энергетикӣ, бунёди марказҳои бузурги тавлиди нерӯи барқ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Роғуну Сангтӯда, ҳамкорӣ дар бахши саноати ҳарбию техникӣ, барқарорсозии робитаҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилии миёни Тоҷикистону Украина табодули назар намуданд.

Дар доираи робитаҳои бисёрҷониба тарафҳо ба авзои кунунии ИДМ ва як қатор масъалаҳои минтақавӣ, ба хусус раванди сулҳи Афғонистон, ки аз ҳалли муваффақонаи он беҳдошти иқтисодӣ, амният ва инкишофи кишварҳои минтақа вобастагии амиқ дорад, ҳамзамон мавҷудоти истифодаи имкониятҳои дуҷониба бо мақсади муқобилият алайҳи таҳдидҳои башарӣ, мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона, экстремизм ва интиқоли маводи мухаддир, ки торафт доираи таъсири худро васеътар мегардонад, дахл намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520