Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқия ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

30.05.2016 19:24, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқия ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам.

Аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам.

Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо нерӯи тоза идома хоҳед дод”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520